Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар ҷаласаи 78-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки 25-26 апрел дар Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 25 апрел дар Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон бо фаъолияти Маркази барасмиятдарории гумрукӣ ва Озмоишгоҳи марказии гумрукӣ шинос шуданд.
Озмоишгоҳи марказии гумрукии Узбекистон, ки соли 2021 мақоми Озмоишгоҳи минтақавии Созмони ҷаҳонии гумрукро гирифтааст, яке аз 10 озмоишгоҳи дорои чунин мақом дар ҷаҳон аст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст






