Роҳбарони марказҳои илмию таҳлилии Узбекистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд

Апрель 13, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати роҳбарони марказҳои илмию таҳлилии Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Узбекистон Жавлон Ваҳобов, ки бо мақсади иштирок дар конфронси муштараки байналмилалӣ ба Тоҷикистон омадаанд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Барои меҳмонон сайри осорхонавӣ ташкил гардида, зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ онҳо бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ аз наздик шинос шуданд.

Баъди анҷоми сайри осорхонавӣ директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Узбекистон Жавлон Ваҳобов аз шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташро навишт.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 13, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад