Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд

Апрель 19, 2024 17:45

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳайати роҳбарзанони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарзанони давлати ҳамсоя ва дӯстро роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Имрӯз меҳмононро дар шаҳри Норак раиси шаҳр Фирӯза Шарифӣ истиқбол гирифт. Баъди пазироии самимӣ ҳайати занони Тоҷикистон ва Узбекистон ба Неругоҳи барқи обии «Норак» рафта, бо таърихи сохтмони ин кохи нур ва фаъолияти имрӯзаи он  шинос шуданд.

Меҳмонон маконҳои таърихӣ, иншооти истеҳсолиро тамошо карда,  аз пазироии самимии мардуми сарбаланди Тоҷикистон, боду ҳавои форам, ҳусни нотакрори табиати ин сарзамин, обҳои мусаффои ҷонбахш таассуроти нек бардошта,  Тоҷикистонро макони афсонавӣ номида,   ба мардуми меҳмоннавозии он баҳои баланд доданд.

Меҳмонон зимни суҳбат бо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ аз сиёсати хирадмандона, сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии мавқеи иҷтимоии занон ва пешбарӣ намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда изҳори хушнудӣ намуда, ба занони тоҷик муваффақият таманно намуданд. 

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2024 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд