«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

Апрель 19, 2024 18:27

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун»-и пойтахт даври ниҳоии  Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид. Фестивали мазкур бо намоиши чакан — маҳсули дасти ҳунармандони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 

Дар доираи фестивал нахуст намоиши чакану ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ баргузор карда шуд.

Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ,  сенатори Кумита оид ба масоили занон ва баробарии гендерии Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон Гулнора Маруфова, Раиси Кумитаи оила ва занони Ҷумҳурии Узбекистон Озода Парпиева, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд.

Фестивалро бо сухани муқаддимавӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, тазаккур дод, ки ин фестивал ба арафаи Рӯзи оила рост омада, дар он чакандӯзон, гулдӯзон, тарроҳон ва занони ҳунарманд фаъолона иштирок намуданд.

Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки «чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои «Авасто», «Шоҳнома» ва осори бисёр адибони гузашта маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Ҳар нақшу нигори болои чакан маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро инъикос мекунад».

«Фестивали «Сад ранги чакан» аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимии чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарраву либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ иборат буд, ки  намунаи онро  имрӯз   иштирокдорон ва меҳмонон пеш аз оғози   ҳамоиш тамошо карданд. Баъд аз тамошои ин намоишгоҳ кас ба маънии аслии  ҳикмати «дасти одамизод гул аст»  ба таври комил сарфаҳм меравад», — илова кард раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.

Ӯ тазаккур дод, ки тавассути густариш додани фаъолияти тарроҳию дӯзандагӣ, рушду тавсеаи корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, қадрдонӣ намудани меҳнати ҳунармандон, чеварон, дӯзандагон, тарроҳон, пос доштани анъанаву суннатҳои неки ниёгон, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, ривоҷу равнақ бахшидани фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан, дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти ҳунармандон, чеварон, тарроҳон, сӯзанидӯзон, чакандӯзу гулдӯзон, дӯзандагон, қаламкашу наққошон амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки «Фестивали ҷумҳуриявии  «Сад ранги чакан» (чакандӯзӣ) ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст. Ин фестивал имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд».

«Бо иқдоми наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинаи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон расман ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад», — афзуд номбурда.

Сипас, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли фестивал бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи фарҳангии аз рақсу сурудҳои ҷаззоб таҳияшуда  ба ин ҳамоиш шукуҳи тоза бахшид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 18 апрели соли равон  дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар «Боғи Куруши Кабир»- и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор гардид. Намоиш-фурӯши чакан  нахустин маротиба  дар пойтахт баргузор гардид ва дар он либоси миллӣ, матоъҳои гуногун, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тоқиву ҷузвдонҳо, зару зевар, армуғон ва дигар маҳсулоти дастии ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуд.

Намоиши мазкур  ҳунармандону чакандӯзонро аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷамъ намуда, имкон фароҳам овард, ки  ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод гардад. Ин иқдом ба хотири ҳифзи ҳунар ва эҳёи анъанаҳои миллии мардуми тоҷик гирифта шудааст, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд,  ки ҳунарҳои мардумӣ аз байн нарафта,  баръакс ҳунарҳои фаромӯшгардида аз нав  эҳё гарданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2024 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд