«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Бадахшон ин озмуни гулҳо ҷамъбаст гардид

Апрель 9, 2024 12:09

ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ даври вилоятии Фестивал- озмуни  «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар фестивал таъкид шуд, ки бо мақсади густариши корҳои ободониву сабзазоркунӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ ҳамасола моҳи апрел озмуни вилоятии «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Гули лола рамзи саодат буда, сайри гули лола ба кас эҳсоси фараҳу сурур мебахшад.

Ҳамзамон дар баробари ҷамъбасти фестивал дар назди майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ярмарка-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан, гул ва кӯчати гул ташкил гардид. Сокинон баҳри шукуфон намудани кӯчаю хиёбонҳо аз он гулҳои зебои рангоранг хариданд.

Дар фарҷоми фестивал аҳли ҳунари фарҳанги вилоят бо суруду тарона ва савту навоҳои дилангез ба ҷашни гулҳо шукуҳу таровати баҳорӣ зам намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 9, 2024 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат