«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Бадахшон ин озмуни гулҳо ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ даври вилоятии Фестивал- озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар фестивал таъкид шуд, ки бо мақсади густариши корҳои ободониву сабзазоркунӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ ҳамасола моҳи апрел озмуни вилоятии «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Гули лола рамзи саодат буда, сайри гули лола ба кас эҳсоси фараҳу сурур мебахшад.
Ҳамзамон дар баробари ҷамъбасти фестивал дар назди майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ярмарка-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан, гул ва кӯчати гул ташкил гардид. Сокинон баҳри шукуфон намудани кӯчаю хиёбонҳо аз он гулҳои зебои рангоранг хариданд.
Дар фарҷоми фестивал аҳли ҳунари фарҳанги вилоят бо суруду тарона ва савту навоҳои дилангез ба ҷашни гулҳо шукуҳу таровати баҳорӣ зам намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






