Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрели соли 2024 бо дархости ҷониби Русия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ вазъияти душвореро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар натиҷаи чораҳои шадиди мақомоти Русия қарор доранд, баррасӣ карданд.
Сергей Лавров дарки вокуниши ҷониби Тоҷикистонро дар ин бора изҳор дошт.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки чунин бархӯрди манфӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад.
Дар ин замина таваҷҷуҳи ҳамсуҳбат ба зарурати риояи муқаррароти санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 25 майи соли 1993 ва Шартномаи ҳамкории иттифоқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба асри 21 нигаронидашуда аз 16 апрели соли 1999, равона карда шуд.
Дар заминаи изҳороти Сергей Лавров “дар бораи равона нашудани тадбирҳои андешидашуда алайҳи миллат ё дини мушаххас”, Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки ин бо вазъи воқеӣ мувофиқ нест ва амалҳои манфӣ танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
Мусоҳибон дар мавриди зарурати нигоҳ доштани пойбандии тарафҳо ба принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ якдилона ибрози назар намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






