ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 16, 2024 08:00

Дар ин рӯзи  соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваллуди тифле шумораи аҳолии Тоҷикистон ба  6 миллион нафар  расид.

***

16 апрели соли 2001 дар Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷикангишт» ва «Тоҷикгаз» таъсис дода шуданд.

***

16 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи китобҳо бахшида ба таърихи пойтахт  ифтитоҳ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот»-ро қабул намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак — «Чодари хаёл» баргузор гардид.

***

16 апрели соли 2012  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  якчанд қонунҳо,  аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ва  «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро   ба имзо расониданд.

***

Соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

16 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот намуданд.

***

16 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт — зодагони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.

*** 

16 апрели соли 2020  таҳти раёсати  Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

16 апрели соли 2021 дар Душанбе мулоқоти роҳбарони соҳаи фармасевтии Тоҷикистон ва Узбекистон доир шуд.

***

16 апрели соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.  

***

16 апрели соли 2023 Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид.

16 АПРЕЛ:

Дар Арманистон- рӯзи кормандони милитсия.

***

Рӯзи ҳуқуқшиносон ва аввалин Конститутсия дар Булғористон.

***

Рӯзи ҷаҳонии овоз

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Қаҳҳор Маҳкамов — соли  1932 — ходими сиёсӣ ва давлатии  Тоҷикистон

***

Шукурҷон Зуҳуров- соли  1954 — ходими давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон

Апрель 16, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш