ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 19, 2024 08:00

19 апрели соли 2014 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея дар робита ба ғарқ шудани киштии мусофирбари «Севол» дар соҳили ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Корея, ки боиси  ҳалокати нафарони зиёд гардид, барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

19 апрели соли 2016 дар машқгоҳи Маркази таълимии «Марғоб»-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин машқҳои муштараки махсуси қувваҳо ва воситаҳои иктишофии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  «Ҷустуҷӯ-2016» оғоз гардид.

***

19 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 бино ба натиҷаҳои назарсанҷиҳои Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил шуд.

***

19 апрели соли 2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  тасдиқ карда шуд. 

*** 

19 апрели соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.

***

19 апрели соли 2020 дар деҳаи Савноби водии Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони неругоҳи хурди барқӣ оғоз гардид.

*** 

19 апрели соли 2021  даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.

***

19 апрели соли 2022 муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар Иҷлосияи 28-уми Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

***

19 апрели соли 2023 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд дар ҷаласа оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд.

19 АПРЕЛ:

Дар Русия — рӯзи нашриёт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дӯстмурод Алиев— соли 1950 — овозхони тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон

***

Зайналобуддин Кобулӣ-соли   1962, — доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 19, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш