ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид.
***
23 апрели соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ-хизматрасонии «Меҳри Модар» ба истифода дода шуд.
***
23 апрели соли 2016 дар Душанбе масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Минск дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳокима гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд, ки зимни суҳбат маҷмуи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
23 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби давлатҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Ҷамоати шаҳраки «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ коргоҳи истеҳсоли мебели оҳанӣ ба фаъолият оғоз намуд.
***
23 апрели соли 2023 дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва раванди корҳои бунёдию созандагӣ дар мамлакат аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд.
23 АПРЕЛ:
Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.
***
Рӯзи забони англисӣ дар Созмони Милали Муттаҳид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдуҷаббор Азизӣ- соли 1955 -ходими давлатии Тоҷикистон
***
Қурбоналӣ Абдулло -соли 1964 -овозхони номдори тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






