ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 апрел, ҷумъа, 96-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 5, 2024 08:00

5 апрели соли 2010 котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф овард.

***

5 апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон)-и вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати соҳибнуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар Душанбе масъалаи баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон зимни арзёбиҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид.

 ***

5 апрели соли 2022 намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон аз қароргоҳи «Airbus» ва «Euler Hermes» дар Ҳамбург дидан карданд.

***

5 апрели соли 2021 Лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид

***

5 апрели соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Мисгарӣ-бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» оғоз ёфт, ки  то аввали моҳи май идома ёфт. Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 адад зарфҳои мисии мунаққаш бори нахуст  манзури тамошобинон гардид.

 ***

5 апрели соли 2022 Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии мактаб дар деҳаи Гулистони шаҳри Кӯлоб шинос шуд.

 ***

5 апрели соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

5 АПРЕЛ:

Дар Кореяи шимолӣ- Рӯзи ниҳолшинонӣ.

Апрель 5, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш