ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Ҳисор ба муносибати таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» гузаронида мешаванд. Ҷаласаи якуми озмунҳо доир шуда, Низомнома ва ангораи онҳо тасдиқ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот иброз гардид, ки ин озмунҳо байни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор гузаронида мешаванд.
Ҳадафи озмунҳо амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз Ватан ва ҳифзи марзу буми мамлакат дар давраи ихтилофҳои сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии таҳоҷуми афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон мебошад.
Дар озмун ба ҳар иштирокчӣ барои муаррифӣ ва хондани ғазалҳои азбарнамудааш вақти озод дода мешавад.
Ҳар иштирокчии озмун бояд 10 ғазал дар мавзуи Тоҷикистон, Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва амсоли ин донад.
Маҳорату истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи қироати ифоданоки шеър ва ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда муайян карда мешавад.
Ҳамчунин дар озмун бояд дар бораи забони тоҷикӣ ва ба ҳайси роҳбалад муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати то 3 дақиқа маълумоти дақиқ пешниҳод намуд.
Даври якуми озмунҳо дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, ғолибон барои иштирок ба даври шаҳрӣ пешниҳод мегарданд.
Аз ҷониби кумитаи тадорукот ба ғолибони озмунҳо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






