ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд

Апрель 25, 2024 10:10

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Ҳисор ба муносибати таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» гузаронида мешаванд. Ҷаласаи якуми озмунҳо доир шуда, Низомнома ва ангораи онҳо тасдиқ карда шуд. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот иброз  гардид, ки ин озмунҳо байни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор гузаронида мешаванд.

Ҳадафи озмунҳо амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор  намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои  миллӣ, мустаҳкам  намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз Ватан ва ҳифзи марзу буми мамлакат дар давраи ихтилофҳои сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии таҳоҷуми афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Дар озмун ба ҳар иштирокчӣ барои муаррифӣ ва хондани ғазалҳои азбарнамудааш вақти озод дода мешавад.

Ҳар иштирокчии озмун бояд 10 ғазал дар мавзуи Тоҷикистон, Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва амсоли ин донад.

Маҳорату истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи қироати ифоданоки шеър ва ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда муайян карда мешавад.

Ҳамчунин дар озмун бояд дар бораи забони тоҷикӣ ва ба ҳайси роҳбалад муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар муддати то 3 дақиқа маълумоти дақиқ пешниҳод намуд.

Даври якуми озмунҳо дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, ғолибон барои иштирок ба даври шаҳрӣ пешниҳод мегарданд.

Аз ҷониби кумитаи тадорукот ба ғолибони озмунҳо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Апрель 25, 2024 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад