Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд

Апрель 20, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз интиқоли 26,2 миллион тонна бор бо гардиши 2,7 миллиард тонна/км ва 232,9 миллион мусофир бо гардиши 3,1 миллиард мусофир/км тавассути тамоми намудҳои нақлиёт дар се моҳи соли 2024 иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 12,1 фоиз, гардиши бор 12,4 фоиз, ҳаҷми мусофиркашонӣ 6,7 фоиз ва гардиши мусофиркашонӣ 15,7 афзоиш ёфтааст.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Фаррух Неъматзода дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар се моҳи соли 2024 гуфт, ки нақлиёти автомобилӣ вобаста ба шароити мушаххаси иқлимӣ ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ аҳамияти калон дорад.

Дар ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдорон ба камбудию норасоиҳо ҷалб ва таъкид гардид, ки вазифаи ҳайати мушовара таҳияи тадбирҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани сифати кор мебошад. Бо вуҷуди он ки нишондиҳандаҳои фарогирии борхату роҳхатҳо ва коркарди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10,6% ва 8,8% афзудааст, то ҳол 12973 адад (ё 23,8%) воситаҳои нақлиёти дар иқтисодиёт фаъолияткунанда ҳанӯз бо роҳхат ва коркарди онҳо фаро гирифта нашудаанд.

Дар робита ба ин ба идораю сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки тадбирҳои заруриро оид ба таъмини фарогирии ҳарчи бештари фаъолият дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ бо истифода аз борхату роҳхат ва истифодаи васеи шаклҳои электронии онҳо таҳия ва амалӣ намоянд.

Интиқоли беш аз 93,4 фоизи борҳо ва 99,8 мусофирон маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад. Ин аст, ки дар се моҳи авали соли 2024 қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода шуданд. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 112,8 фоиз, гардиши бор 112,6 фоиз, ҳамлу нақли мусофирон 106,6 фоиз ва гардиши мусофиронбарӣ 111,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки ба ҳиссаи нақлиёти автомобилии тобеи Вазорати нақлиёти мамлакат беш аз 30,9 фоиз (8 миллиону 104,9 ҳазор тонна) ҳаҷми умумии интиқоли бор ва тақрибан 95,8 фоиз (223 миллиону 274,2 ҳазор) интиқоли мусофирон рост меояд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд