Тоҷикистон бо Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд ҳамкориро тақвият мебахшад

Апрель 9, 2024 11:27

ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Котиби генералии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид  оид ба савдо ва рушд хонум Ребека Гринспан мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд дар соҳаҳои содагардонии расмиёти савдо, таҳлили низоми сармоягузорӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, таҳлили низоми инноватсионӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, стратегияи тиҷорати электронӣ ва дигар самтҳои рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2024 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд