Тоҷикистон ва Олмон робитаҳои мустақим байни соҳибкорони Душанбе ва Ройтлингенро муҳим арзёбӣ намуданд

Апрель 14, 2024 12:30

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар доираи сафар ба Ройтлинген бародаршаҳри Душанбе бо шаҳрдор (Oberbürgermeister)-и он Томас Кек мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сипас дар атрофи тақвияти ҳамкории минбаъда байни бародаршаҳрҳо дар бахшҳои иқтисод, илму фарҳанг, маориф, муҳоҷират, сайёҳӣ, инчунин танзими чорабиниҳои муштараки варзишиву фарҳангӣ дар Душанбе ва мутаносибан дар Ройтлинген табодули афкори созанда доир шуд.

Зимни вохӯрӣ бо мудири иҷроияи Палатаи саноат ва савдои минтақаҳои Ройтлинген, Тюбинген ва Тсоллерналб (IHK) Волфганг Епп ба рушди ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, танзими ҳамоишҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни соҳибкорони Душанбе ва Ройтлинген тамаркуз карда шуд.

Ҳамзамон дар мулоқоти дигар бо президенти Донишгоҳи Ройтлинген, профессор, доктор Ҳендрик Брумме оид ба ҳамкории илмӣ-тадқиқотӣ, барқарорсозии робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули донишҷӯён ва имконияти таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассисаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2024 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд
Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид