Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) Уссома Абдураҳмон Қайсӣ баргузор гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Завқӣ Завқизода имконияти зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии мамлакатро муаррифӣ намуда, аз Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ дархост намуд, ки барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ, рушди савдо, сайёҳӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ суғурта ва кафолатҳо диҳад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин корпоратсия тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Уссома Абдураҳмон Қайсӣ омодагиашро ба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои гуфташуда ва тақвияти ҳамкории минбаъда баён намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд






