ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

Апрель 11, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат яке аз муассиртарин суханрониҳои Пешвои миллатамон дар солҳои охир буд ва мубрамтарин масъалаҳои имрӯзи ҷомеаро фарогир буд, ягон қишри ҷомеаро бетараф намегузорад.  Масъалаҳои дар суханронии Пешвои миллат гузошташуда  он қадар  имрӯзӣ ва пухта расида буданд, ки пас аз анҷоми мулоқот фавран мавзуи гуфтугузори  сокинони мамлакат гардиданд. Масъалаҳое буданд, ки ба ҳар сокини Тоҷикистон тааллуқ дошта, дар маҷмуъ ҳалли онҳо барои имрӯзу ояндаи мамлакат хеле аҳамиятнок мебошад  ва  ба ҷомеа таъсиррасони  бузург ба ҳисоб меравад. Хуллас, ин суханрониро метавон зангӯлаи ҳушдору бедорӣ ва ё ҳидоятҳои навини Пешвои миллат  барои  мардуми Тоҷикистон номид. Чунин ибрози назар намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ  «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур карда мешаванд.

— Ба андешаи ман, муҳимтарин мавзуъ ва масъалаҳое, ки дар суханронии Президенти Тоҷикистон бардошта шуданду аҳамияти аввалиндараҷа доранд, инҳо мебошанд:

Таассубу хурофот ва зиёни он ба ҷомеа;

Сиёсикунонии дин ва оқибатҳои он;

Дин ва қонун; Некӣ ва хайру савоб;

Бетарафӣ ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ;

Масҷидҳо ва нақши онҳо дар ҷомеа;

Ҳаҷ, моҳияти ҳаҷ; Симои миллӣ ва либоси миллӣ; Савоб ва моҳияти он; Ислом, тараққиёт ва таассуб;

Экстремизм, амалҳои террористӣ ва оқибатҳои он.

Бубинед, дар ин мулоқот чӣ қадар масъалаҳои ҷиддиву ҳалталаби имрӯзӣ, ки ҳама фаврӣ буда, алоқамандии ногусастанӣ бо ҳамдигар ва нақши тақдирсоз дар ҷомеа доранд, гузошта шуданд. Мо мехоҳем чанде аз онҳоро аз рӯи моҳият ва аҳамияташон мавриди андеша қарор диҳем.

Ба андешаи ман, яке аз ҷиддитарину бамавридтарини онҳо масъалае аст, ки кайҳо ҳама ақлҳои солимро дар мамлакати мо  ба ташвиш оварда буд ва ин масъалаи гирифтории мардуми мо ба таассуб ва хурофот аст. Воқеан, ҷои андеша ва изтиробу ҳайрат аст, ки дар ин сарзамини илму адабпарвар, сарзамине, ки нобиғагону бузургони илму адабро ба башарият додааст, сарзамини  асосгузои шеъру адаби форсӣ, одамушшуаро Абуабдуллои Рӯдакӣ, сарзамини яке аз поягузорони илми тибби ҷаҳон Абуалӣ ибни Сино, сарзамини бузургтарин олимони нуҷуму риёзӣ ва даҳҳо шоирони нобиғаи давру замонҳо, мисли Мавлонову Хайёму Саъдиву Ҳофизу Камолу Ҷомӣ, имрӯз, маҳз дар замони эҳёи навини ин давлат ва ин миллати соҳибтамаддун зуҳуроти хеле носолиму пасмондаву нанговар, аз ҷумла гирифтории мардуми мо ба таассубу хурофот ҳанӯз ҳузур доранд. Инро чӣ гуна метавон маънидод кард?

Воқеан, бояд гуфт, ки дар ин суҳбат Пешвои миллати мо бо камоли огоҳӣ, бо овардани санадҳои дақиқ аз Қуръони шариф, аз каломи набавӣ ва гуфтори бузургони илму адаб бо ҳамон ҷасорати хоси худ, ки заминааш дар ватандӯстии бесобиқа аст, рӯи рост, бе рӯи хотир масъалаҳоеро ба маърази андешаи ҳамагон ва хусусан аҳли дин  гузоштанд, ки кайҳо пухта расидаанд ва бо иқрори мардона таъкид намуданд, ки мо, ворисони гузаштагони бузург ҳамин камбудиҳои нобахшиданиро дар ҷомеаамон дорем, ки дар ин асри пешрафти илму кашфиёт ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик шоиста нест. Шоиста нест, ки имрӯз як чаласаводе мебарояду бо макру ҳиял мардуми хушбовари моро раҳгум мезанонад ва мо ҳуқуқ  надорем бо ин созиш кунем. Шоиста нест, ки мардуми мо ба макру ҳияли авомфиребон гирифтор мешаванд, ба пеши фолбин мераванду дар банди макру ҳияли  табибони ноогоҳу бесаводу дурӯғин банд мемонанд.

Чун ин мулоқот дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир шуд, суханони Пешвои миллат аз парҳезкориву хайру баракат, некиву саховату эҳсон ва дасти мадад дароз кардан ба мардуми камбизоат оғоз гардид. Таъкиди Президенти Тоҷикистон  ин андешаро, ки парҳезкорӣ фақат дар хӯрдану ошомидан нест, чунон ки аксари мо мефаҳмем, балки пеш аз ҳама, бояд аз корҳои ношоиста, носавоб парҳез намуд, зеро асоси моҳияти парҳезро маҳз ҳаминҳо ифода мекунанд, хеле бамаврид аст.

Бисёре аз мардум суннатҳои миллии  моро фақат зоҳиран фаҳмидаанд, ки ба куллӣ хато аст. Ба суннатҳои миллии мо амиқтар бояд назар андохт. Масалан, бисёр ойинҳои мо, хусусан Наврӯз аз тоза кардан шуруъ мешавад, аммо ин фақат тоза кардани хонаву дару ҳавлӣ нест, ҳарчанд ин ҳам ҳаст. Дар суннати тозакуниии мардуми мо, пеш аз ҳама, тоза кардани ботини худ дар назар дошта шудааст. Яъне, дар баробари тоза намудани хонаву дару ҳавлӣ аввалан тоза кардани дили худ, андешаи худ, сиришти инсонии худ аз ҳама нопокиҳо, яъне аз гуноҳҳо, андешаҳои нохубу ниятҳои бад  дар назар дошта мешавад.

Ҷолиб ин аст, ки ҳама гуфтору андеша ва ғояҳое, ки Президенти Тоҷикистон   дар ин суханронӣ  баён намуданд, хеле асоснок бар асоси оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ баён гардидаанд. Яъне,  суханронии асонок бар таълимоти динӣ ва илмҳои он аст. Дар ин суханронӣ ҷиҳатҳои ҷолиби зиёде ҳастанд, ки метавон онҳоро ба тартибе, ки дар суханронии Президенти Тоҷикистон  омадааст, мавриди ибрози андеша қарор дод.

Ҷолибтарини онҳо, ки мо аз ин пеш ҳам дар сиришти Пешвои миллатамон мушоҳида намудаем, раҳму шафқат ва хайру эҳсон нисбат ба фақирон, ятимон, бебизоатон, шахсони бемояву бемору нотавон аст. Ва мову шумо хуб медонем, ки сиёсати дастгирӣ, раҳму шафқат, расонидани кумакҳои мушаххас ба ятимону камбизоатону беморон аз оғоз яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти Пешвои миллатамон будаву ҳаст.

Ҳадафи ҷолиби дигаре, ки ин суханрониро рӯи кор овардааст, муайян намудани мавқеи сиёсии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ин замони “бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо,  тафриқаву низоъҳои  диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи  терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои  ифротгарои динӣ”  мебошад.

Бояд гуфт, ки нуктаи асосӣ дар ин мулоқот дарки арзишҳои миллӣ аст. Маҳз ҳамин дарки арзишҳои милӣ ва фарҳангу ахлоқи хамидаи  мардумамон аст, ки  дар замони беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии мамлакат  афроди бонангу номус сиёсати  ватандӯстонаву инсонпарваронаи Пешвои миллатамонро  дастгирӣ намуда,  дар бунёди ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъйиноти иқтисодиву иҷтимоӣ саҳм гузошта, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи кор таъмин намуданд, ҳар сол чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расониданд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ менамоянд.

Мардуми мо ҳамчунин имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё намуда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.

Дар баёни андешаҳои Президенти мо муҳокимарониҳои фасеҳи илмие вуҷуд доранд, ки наметавон онҳоро берун аз доираи мушоҳида монд, мисли ин гуфтор:

“Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт. Чунонки гуфтаанд:

Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Чуноне ки мебинем, суханони Президенти мо, чун ҳамеша, бе дурахши хираду ифтихори миллӣ нестанд ва чун ҳамеша ҷавонони мамлакатро ба роҳи дурусту бегазанди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ раҳнамоӣ менамоянд:

“Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басе арзишманд намуда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”.

Суханони Президенти Тоҷикистон ва ҳадафи асосии ин суханронӣ, ки чун зангӯлаи ҳушёриву бедорӣ садо дод, изҳори нигаронӣ аз таассуб ва хурофотпарастии мардуми мо аст, ки хеле ба маврид буда, чашми мардумро ба рӯи ҳақиқат ва асолати рӯзгор боз мегардонад:

“Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш меёбад. Ин дар ҳоле аст, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надоранд”.

Ин андешаи Президенти Тоҷикистон, ки ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ намудани  душманони дини мубини ислом, хосса барои коштани тухми низоъ ва бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни мусалмонон барои расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон аст, хеле бамаврид садо дод, ки дарки он метавонад раҳнамои ҷомеаи имрӯзи мо бошад.

Дар замоне, ки ба гуфти Президенти Тоҷикистон инсоният дар давраи бархӯрду зиддияти шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, қаҳтиву гуруснагӣ, таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар маҷмуъ, дар вазъи ниҳоят мураккаби таърихи худ қарор дорад, оё метавонад миллати мо дар андешаи наҷоти худ аз гирифториҳо, дар андешаи рушду нумӯи сиёсиву иҷтимоиву илмии худ набошад, ки бе он тасаввури ояндаи дурахшон номумкин аст?

Яке аз аз ҷолибтарин андешаҳо  дар суханронии Сарвари давлат, ба андешаи мо,  тафриқа гузоштан дар байни дину сиёсат, муайян кардани ҷойгоҳи ин ду мафҳум дар ҷомеа буд, ки бо сабақҳои таърихӣ, хусусан фоҷиаи ҷанги мудҳишӣ таҳмилие, ки дар оғози рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ ба сари мардуми  мо омад, нишон дода шуд. Ба андешаи Пешвои миллати мо, “сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад. Зеро дини ислом аз оғози пайдоиш сиёсӣ набуд ва сархати таълимоти онро нахуст хондану омӯхтан, сипас имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии ӯ ташкил медиҳаду халос.

Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.

Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ намудан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем.

Чунки бетарафӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат ба чӣ гуна ҳодисаву фоҷиаҳо боис мегардад, насли калонсоли мамлакат  ва аксари дар ин толор нишастагон хуб медонанд.

Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум бошад, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд.”

Тоҷикистони азизи мо, чунон ки Сарвари давлат иброз доштанд,  дар ин ҷанги таҳмилӣ мусибати беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, ғаму ғурбати як миллион гурезаҳои иҷборӣ, бори андӯҳи зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамонеро, ки азизонашонро аз даст доданд, диду аз сар гузаронд  ва дар баробари ин миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодӣ дид. Зиёни ин ҳама аздастдодаҳо имрӯз ҳам дар иқтисодиёту зиндагии мо  эҳсос мешавад.

Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби ин суханронӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон сабақи давлати Сомониён ва  сабаби барҳам хӯрдани он аст, ки бардошт аз ин сабақ  барои давлати ба истиқлолият расидаи мо хеле заруру ибратомӯз мебошад ва аз он ёдовар шудани Сарвари давлат  беҳуда набуд. Зеро дар он даврон маҳз “руҳониёни асолату ҳувиятбохта барои дастгирии бегонаҳо, ки ҳадафи ғасби давлати миллии тоҷиконро доштанд, замина муҳайё намуданд”.

Президенти Тоҷикистон чун дарси сабақ маҳз аз он ёдовар мешаванд, ки дар охири асри ХХ баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон боз ҳам руҳониёни ифротгарову бегонапараст бо мақсади гирифтани ҳокимият ва расидан ба қудрат кӯшиш намуданд, ки бо шиорҳои исломӣ давлати ҷавони тоҷиконро несту нобуд карда, бо роҳи ба сари мардум бор кардани фарҳанги бегона миллатро бори дигар тобеи дигарон намоянд.

Ба андешаи Пешвои миллати мо, дар чунин шароити тақдирсоз боз ҳам иддае аз роҳбарону зиёиён нисбат ба тақдири ояндаи фарзандону набераҳои худ бетарафӣ нишон доданд ва ин сабаб гардид, ки давлати нав баистиқлолрасидаи мо ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ кашида шавад. Гуфтан ва эътироф намудани ин ҳақиқат барои он муҳим аст, ки ҷомеаи моро  бори дигар барои роҳ надодан ба ин бетарафӣ роҳнамоӣ намояд.

Тибқи хулосаи донишмандону коршиносон ва мутахассисони исломшинос, давоми чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геополитикӣ татбиқи барномаҳои «исломи сиёсӣ» мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна тарҳу лоиҳаи муғризонаву манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад. Сарвари давлат ҳамчунон таъкид менамоянд, ки омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии дорои хусусияти динӣ дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар ҳолати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.

Хушбахтона, сохтору мақомоти дахлдори мамлакат дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди таҳдидҳои гуфташуда муборизаи муташаккилона мебаранд ва Тоҷикистон имрӯз ба сифати давлати пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад.

Сарвари ватандӯсти Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд ва сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ бурда намешавад.

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки дар суханронии Президенти Тоҷикистон хеле бамаврид  гузошта шудааст, масъалаи гирифтории ҷавонони мо ба экстремизми байналиллалӣ ва иштироки онҳо дар фаъолияти он аст.

Сабаби асосии бавуҷудоии ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳоро Пешвои миллатамон дар он мебинанд, ки пеш аз ҳама, кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Аз ҷумла, давоми даҳ соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва суиқасд ба он ошкор ва сабт шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва суиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон ҳамроҳшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ҷалби онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард. Тибқи маълумоти фаврӣ, зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардиданд. Дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандони мамлакат ба ин равия ҳамроҳ гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Сарвари мамлакат ҳамчунин аз фаъолияти баъзе имомхатибони пайрави гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ки  ғояҳои ифротиро дар байни намозгузорон ташвиқу тарғиб менамоянд, изҳори нигаронӣ намуданд.

Аз ҷониби Пешвои миллатамон махсус таъкид гардид, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардида, аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд. Кирдори аз ҳама нафратовар дар ин ҷода даст задани баъзе ба ном руҳониён, инчунин имомхатибон ба амалҳои бадахлоқона бо истифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мебошад.

Дар давраи солҳои 2016 – 2024 дар мамлакат зиёда аз 50 ҳолати чунин ҷиноят ошкор ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Хеле ҷолиб аст, ки сабаби бисёре аз гирифториву сарсахтиҳои миллати моро Пешвои миллатамон ҳаққо, ки дар гирифторӣ ба таассубу хурофот медонанд ва ин андешаро пеш аз ин ҳам на як бор иброз дошта буданд. Президенти Тоҷикистон бори дигар бо камоли масъулият таъкид доштанд, ки  “хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад… Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад.”

Дар ин робита Пешвои миллатамон дар ин суханронӣ баён доштанд, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир давлатро ба тараққиёти бесобиқа расонида, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва кӯҳна мегардад.

Барои мисол, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки суръати рушди кишварҳои мусулмоннишинро дар мисоли Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Малайзия ва дигарҳоро бояд пеши назар овард, ки бо чӣ суръат рушд доранд. Зеро онҳо, ба андешаи Президенти Тоҷикистон, хуб дарк кардаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавони кишвар аст.

Ба ин хотир, ба ин суханони Пешвои миллатамон, ки мо ҳам бояд аз ҳама имконият истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати  халқамонро таъмин намоем, наметавон ҳамдилу ҳамандеша нашуд.

Дар суханронии Президенти Тоҷикистон ҳар бобу ҳар гуфтор мавзуи фарохе барои андеша ва ибрози назар медиҳад, қариб ҳар нуктаи иброздоштаи Сарвари далат як мавзуи хеле муҳим ва имрӯзие аст, ки бояд имрӯзҳо мавриди пажуҳишу маънидоди ҳамаҷонибаи  шореҳон қарор бигирад.

Дар робита ба ин Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.

Метавон бардоштҳо аз суханронии Пешвои миллатамонро дар мавридҳои гуногуни дигар, аз ҷумла симои миллӣ, масъулияти миллӣ ва ғайра низ   хеле идома дод ва банда аминам, ки ин кор пайваста аз ҷониби донишмандони мо  амалӣ мегардад.

Ба андешаи мо, ин суханони хеле бамавриди Пешвои миллатамон, ки борҳо садо додаанд: “Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод намудани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест!» бояд ҳамеша дар зеҳни  кулли мардуми мо садо диҳанд.

Мехоҳам дар поёни ин навиштаҳо боз ҳам суханони Пешвои миллатамонро орам, ки сухани дигар наметавонанд ҷойи онро бигирад:

«… Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд.

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё намоем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд.

Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад.

Бори дигар такрор менамоям, ки мусулмонии мо ва тоату ибодати моро касе аз мо намегирад.

Вале пешрафти давлат, ободии Ватан ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардумро танҳо бо тоату ибодат таъмин намудан мушкил аст. Талаботи замони нав дигар аст«.

Суханронии Президенти Тоҷикистон ҳамон барнома  ва дастурамали ватандӯстонаву ватанхоҳонае аст, ки имрӯзҳо бояд роҳнамои асосии ҳар сокини ин Ватан –Тоҷикистони озоду биҳиштосову соҳибтамаддуни мо бошад, зеро дар он метавон кафолати ояндаи дурахшону созанда ва пойдори ин  сарзаминро эҳсос намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад