35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 494 иншооти гуногун сохта мешаванд
КӮЛОБ, 11.05.2024, /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои созандагию ободӣ идома дошта, бунёду навсозии 494 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Султонҷон Вализода иттилоъ дод.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз шумораи иншооти нақшавӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2024 130 иншоот ба истифода дода шуд, ки 26,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки солҳои 2022 — 2024 аз 340 иншооти ҷашнии нақшавӣ 130 иншоот ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар зиёда аз 200 иншооти таъйиноти гуногуни шаҳру деҳоти Кӯлоб сохтмону навсозӣ идома дорад.
Изҳор гардид, ки аз тарафи идораи сохтмони асосии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба воситаи пудратчиён сохтмони бинои 5-ошёнаи иборат аз 25 ҳуҷра дар маҳаллаи Борбад ва роҳҳои пиёдагарду автомобилгарди дохили шаҳр идома дорад.
Аз шумораи ин иншоот дар семоҳаи якуми соли 2024 55 бино ба истифода дода шудааст.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 16,2 млн евро лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб”оғоз гардида, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд. Дар сурати пурра татбиқ гардидани лоиҳа масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ҳал мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






