35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 494 иншооти гуногун сохта мешаванд

Май 11, 2024 16:27

КӮЛОБ, 11.05.2024, /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои созандагию ободӣ идома дошта, бунёду навсозии  494 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Султонҷон Вализода иттилоъ дод.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз шумораи иншооти нақшавӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2024  130 иншоот ба истифода дода шуд, ки 26,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки солҳои 2022 — 2024 аз 340 иншооти ҷашнии нақшавӣ 130 иншоот ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар зиёда аз 200 иншооти таъйиноти гуногуни шаҳру деҳоти Кӯлоб сохтмону навсозӣ идома дорад.

Изҳор гардид, ки аз тарафи идораи сохтмони асосии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба воситаи пудратчиён сохтмони бинои 5-ошёнаи иборат аз 25 ҳуҷра дар маҳаллаи Борбад ва роҳҳои пиёдагарду автомобилгарди дохили шаҳр идома дорад.

Аз шумораи ин иншоот дар семоҳаи якуми соли 2024 55 бино ба истифода дода шудааст.

Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 16,2 млн евро лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб”оғоз гардида, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин самт  идома доранд. Дар сурати пурра татбиқ гардидани лоиҳа масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ҳал мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2024 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд