Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam — 2024» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam — 2024» зимни сайри осорхонавӣ бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири асри санг, аҳди биринҷ, ҳунари кулолгарӣ, давлатдории Ҳахоманишиён, имитатсияи Тахти Сангин, давлатдории Кушониёну Сосониён, Панҷакенти қадим ва толори туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шуданд.
Баъд аз сайри осорхонавӣ қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam — 2024» таассуроташонро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навиштанд.
Бояд гуфт, ки 3-5 майи имсол дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam — 2024» оид ба ҷудо баргузор гардид, ки дар он 390 паҳлавон аз 65 давлати ҷаҳон қувваозмоӣ намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






