Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд

Май 4, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Банҷули Ҷумҳурии Гамбия ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ барои омодагӣ ба Саммити 15-уми исломии дарпешистода баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайати Тоҷикистон дар кори ҷаласа иштирок намуда, дар ҳошияи он якчанд мулоқот анҷом дод.

Аз ҷумла, дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ шуда, инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор доир шуд.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Гамбия дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Гамбия Мамаду Тангара матраҳ гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намуданд.

Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид Ал-Хурайҷӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд