Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Италия» иштирок намуд

Май 30, 2024 10:16

ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 май ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Италия», ки дар қолаби С5+1 дар шаҳри Рим баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Италия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, обу энергетика, муҳити зист, нақлиёт, сайёҳӣ ва маориф, инчунин мавзуъҳои мубрами ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва хатару чолишҳои замони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва Ховари Миёна мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамзамон дар остонаи нишаст ҷаласаҳои алоҳида дар мавзуъҳои обу энергетика, нақлиёт ва маориф доир гардиданд, ки дар онҳо намояндагони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд