Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин/сарпараст оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ Лин Тсзи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, ки аз натиҷаи он протокол ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Вазири рушди иқтисод ва савдо иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромад.
Чин дуюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои супоришҳои роҳбарони ҳарду давлат ва дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба сафари расмии дарпешистодаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Аз ҷумла, корҳои сохтмониро дар биноҳои нави Ҳукумат ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқасозии созишномаҳои ҳамкории дахлдор оид ба сармоягузорӣ, тиҷорати электронӣ, энергетикаи нав, маъданҳои фоиданок ва дигарҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом мерасонанд.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои густариш додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки мушаххас, аз ҷумла лоиҳаҳои энергияи «сабз», навсозии Ширкати «Алюминийи тоҷик», сохтмони маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара, 4 эстакада дар шаҳри Душанбе ва навсозии роҳи автомобилгарди Варшез — Қулмаро татбиқ намоянд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






