Ҷаласаи сенздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия доир гардид

Май 27, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сенздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар қолаби маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду давлат иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа ҳамраисони комиссия Раҷаббой Аҳмадзода ва Николай Журавлев сухан гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба рушди муносибатҳои ду давлат дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст масъалаи омодагӣ ба Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар доираи он аъзои Комисия доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф, инчунин амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд