Байни «Тоҷикфилм» ва «Сарез Сармоя» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҳияи филми мустанади «Сарез» имзо шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарез Сармоя» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҳияи филми мустанади «Сарез» ба тасвиб расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Шартномаро директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарез Сармоя» ба имзо расониданд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар доираи рушду такомули ҳамкорӣ дар соҳаи филмофарии муштарак ва таблиғу тарғиби табиат, манзараҳои дилфиреб, маконҳои таърихию сайёҳӣ ва кӯлу дарёҳои дорои обҳои мусаффои Тоҷикистон филми мустанади «Сарез» рӯйи навор хоҳад омад.
Таҳия ва наворбардории филми мустанади «Сарез» ба таври аёнӣ
(слайд-шоу) ва пахши ролики таблиғотӣ ба ҳозирин ва намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарез Сармоя» муаррифӣ ва рӯнамоӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки филм тамоми паҳлуҳои пайдоиш, аҳамият ва муҳиммияти кӯли Сарезро фаро гирифта, ба таври касбӣ ва бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар пардаи синамо ҷилвагар мегардад.
Зимни таҳия, танзим ва банду басти филм мутахассисони ҳирфаӣ ҷалб гардида, графикаи компютерӣ ва сохтани аниматсия дар назар дошта шуда, ҷавобгӯ ба талаботи замон офарида мешавад.
Филм ба тамоми алоқамандони соҳа нигаронида шуда, барои муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи мамлакат ба Синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ва дохилӣ пешниҳод мешавад, ҳамчунин тавассути шабакаҳои телевизион ва интернет дастраси ҳаводорони синамо карда мешавад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






