Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Ховалинг мусобиқаҳои гӯштин ва аспдавонӣ доир шуданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Ховалинг бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ дар доираи мусобиқаҳои варзишӣ пойгаи аспдавонӣ ва гӯштини тарзи озод доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти ин ноҳия.
Бояд гуфт, ки ин рӯз бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳид қабул ва 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.
Дар деҳоти Навроҳои Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир гардида, дар он 50 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.
Мусобиқа дар се давр доир гардида, варзишгарон масофаи 5000 метрро бо маҳорати баланди варзишӣ тай намуданд.
Дар қисмати ниҳоии мусобиқа муайян гардид, ки дар даври якум ҷойи аввал ба Шаҳобиддин Ҳасанов, истиқоматкунандаи деҳоти Утонқалъаи ҷамоати Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо асп бо лақаби «Номус» насиб гардид.
Ҷойи дуюм ба истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо асп бо лақаби «Парвоз» ва ҷойи сеюм ба Ҷумахон Саидов, истиқо болақаби «Кранги сарбаланд» дода шуд.
Дар даври дуюми мусобиқа Суҳроб Олимзода, истиқоматкунандаи деҳаи Лоҳутии ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо асп бо лақаби «Кобра» ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ҷойи дуюмро Умедҷон Раҷабов, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо асп бо лақаби «Пикас» ва ҷойи сеюмро Тоирхон Шарипов бо асп бо лақаби «Дилдил» соҳиб гардид.
Дар даври сеюми мусобиқаи пойгаи асп ҷойи аввалро Саидҷон Рустамов, истиқоматкунандаи деҳоти Садбаргҷои ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо асп бо лақаби «Ҷеран», ҷойи дуюмро Зулфиқори Шер, истиқоматкунандаи деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бо асп бо лақаби «Богатий» ва ҷойи сеюмро Эмомалии Рамазон, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бо асп бо лақаби «Месси» соҳиб гардиданд.
Раиси ноҳияи Ховалинг Фаррух Набизода иштирокчиёни мусобиқаро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфта, ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотирмону арзишнок тақдим намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид






