Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ доир шуд

Май 17, 2024 08:33

ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони  «Ҷавонон – қувва ва неруи бузурги давлату миллат» ҳамоиши сиёсӣ – тарбиявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода дар бораи хизматҳои арзишманди Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба пойдории сулҳу субот, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва дастгирии ҷавонон ҳамчун қишри созандаи ҷомеа сухан гуфта, онҳоро ба худшиносию меҳандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят намуд.

Зимни суҳбати озоду самимӣ бо кормандону донишҷӯён дар бораи таърихи давлатдории тоҷикон, гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат ва корномаи бузургу ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳоди ҳозирин шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май  Рӯзи ҷавонон таҷлил гардида, бахшида ба ин сана дар саросари мамлакат ҳамоишу чорабиниҳо доир мегарданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Май 17, 2024 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд