Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид

Май 28, 2024 17:01

ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) дар пойтахт Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар доираи он бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ  баргузор  шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иттилоъ дода  шуд, ки Ҳафтаи кӯдакону наврасон аз 26 май то 1 июн идома ёфта, дар доираи он баргузории барномаи фарҳангӣ ва ҳамоиши ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми сеюми  навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз» ва мизи мудаввар дар мавзуи «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳафта мусобиқаҳои варзишӣ,  аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, иқдоми таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракати роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои  пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.

Таъкид шуд, ки Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе 1 июни соли 2024 дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо баргузории намоиши ҳунару эҷод, бозиҳои фароғативу дилхушкунанда ва барномаи бошукуҳи фарҳангӣ дар Боғи кӯдакони пойтахт ҷамъбаст карда мешавад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 28, 2024 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд