Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиш доир гардид

Май 28, 2024 18:25

ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.

Муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Ҷалолиддин Нурзода иброз намуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштаанд. Роҳу усули самараноки амалӣ намудани онҳо дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст».

Иброз гардид, ки ғамхорӣ намудан ба кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои солиму бардам ба камол расидани онҳо, соҳиби илму маърифат ва фарҳанги баланд гаштани онҳо дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши калонсолон аст.

Гуфта шуд, ки ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мо аст. Аз ин рӯ мо бояд кӯдаконро дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки онҳо ҷой диҳем.

АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»

Май 28, 2024 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд