Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Суди Олии аппелятсионии Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид

Май 15, 2024 17:14

ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи муххадир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари ҷиддӣ доранд, муҳокима шуданд.

Ҳамчунин масъалаҳо вобаста ба интиқол ва истирдоди маҳбусон, дастгир намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доранд, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешгирии ҳама гуна ҷиноятҳо байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Суди Олии аппелатсионии Ҷумҳурии Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2024 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд