Байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бораи татбиқи Низоми ҳифзшудаи муқоисавӣ ба имзо расид

Май 10, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 майи соли 2024 мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид, ки зимни он Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бораи татбиқи Низоми ҳифзшудаи муқоисавӣ ва арзёбии маълумоти шахсӣ бо мақсади танзими рафтуомади террористон (PISCES) ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба мубодилаи маълумот вобаста ба хатару таҳдидҳое, ки ба амнияти ҳарду давлат  хатар эҷод менамоянд, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳарду мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти ифротгароии хушунатомез ва терроризм, киберҷиноятҳо, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.

Ёддошти тафоҳум оид ба нияти ҳамкорӣ, ки байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи татбиқи Низоми ҳифзшудаи муқоисавӣ ва арзёбии маълумоти шахсӣ бо мақсади танзими рафтуомади террористон (PISCES) ба имзо расонида шуд, имкон медиҳад, ки тавассути истифодаи шарҳҳои васеи технологӣ ҳаракати террористонро назорат намуда, ба дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мусоидат карда шавад.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории ҳуқуқии дуҷониба дар самтҳои мухталиф давом дода шавад.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 10, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид