Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъ ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ хабар доданд.
Таъкид карда шуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкилию инфрасохторӣ, кадрӣ ва техникии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ таҳким ва баҳри пешбурди фаъолият шароити созгор фароҳам оварда шуд.
Рушди босуръати илму техника, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҷомеа, истифодаи васеи технологияи муосир дар фаъолияти аксар соҳаҳои муҳими давлатӣ таваҷҷуҳи бештар талаб намуда, доир ба мавзуъҳои асосӣ аз ҷониби иштирокчиёни конференсия ибрози назар карда шуд.
Тадбирҳо дар самти рушди ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, хизматрасонии давлатӣ ва маҷмуи чорабиниҳои дигар тақозо менамояд, ки мушкилоти ҳифзи техникии иттилооти дастрасиаш маҳдуд ба таври пайваста баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он пайдо гардад.
Дар идомаи конфренсия таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии ҳифзи техникии иттилоот мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳри рушду такмили он пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар айни замон Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ гардида, дар асоси талаботи қонунгузории ҷорӣ 6 май Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муайян гардидааст.
Дар ҳошияи ҷашни касбӣ байни иштирокчиёни конференсия табодули самараноки назариявӣ амалӣ шуда, баҳри таҳкими ҳамкории байниидоравӣ тадбирҳои мушаххас ба роҳ монда шуданд.
Конференсия дар фазои самараноки корӣ анҷом ёфта, дар интиҳо баҳри такмили самтҳои алоҳидаи корӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






