Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд

Май 13, 2024 17:09

ДУШАНБЕ, 13.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар он олимони санъатшинос ва ҳунармандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Эрон иштирок намуда, намояндагони ҳар давлат ин жанрро ба таври хос пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Гуфта шуд, ки Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» бори дигар мақоми санъати волои шашмақомро дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа боло бурда, нақши тарбияи маърифатӣ ва иттилоотии онро боз ҳам афзун намуд. Фестивал-симпозиум аҳли фарҳанги давлатҳои гуногунро боз ҳам муттаҳид намуда, фазои муосири фарҳангии мамлакатро ғанӣ гардонд.

Пешвои миллат махсусан таъкид намудаанд, ки “ҳифз намудани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандӯстонаи ҳар фард мебошад. Мо бояд ҳисси ифтихори миллӣ, масъулияти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва осори таърихии худро дошта бошем”.

Ин таъкиди  пурарзиши Сарвари давлат мо, аҳли илму эҷодро водор месозад, ки баҳри гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллии умумибашарӣ ва ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик минбаъд низ саъю талош намуда, намунаҳои беҳтарини фарҳангу санъати тоҷиконро, ки бозтоби чеҳраи фарҳангии мо мебошанд, дар сатҳи байналмилалӣ таблиғу муаррифӣ намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 13, 2024 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид