Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забони олмонӣ баргузор мегардад

Май 1, 2024 08:51

ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 5 май дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забони олмонӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Вобаста ба баргузории ин анҷуман ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо Роҳбари минтақавии донишкадаи Гёте доктор Уҳлиг Ҳайке аз Мюнхени Олмон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаҳои муҳимми омӯзиши забон ва фарҳанги Олмон, рушди омӯзиш ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти илму таҳқиқот таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои тавсеаи ин масъалаҳо изҳори назар намуданд. Ҳамчунин омодагиашонро ба даъват намудани омӯзгорони касбӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба донишгоҳ, густариши робитаҳои адабиву фарҳангӣ, фиристодани омӯзгорону донишҷӯёни донандаи забони олмонӣ ба ин давлат ва  беҳтар гардидани сатҳи забондонии онҳо баён намуданд.

Ҳамзамон масъалаи ифтитоҳи Маркази фарҳангии Олмон дар назди кафедраи забони олмонӣ ва дар муҳлати кӯтоҳтарин бастани созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи Гётеи Олмонро баррасӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Май 1, 2024 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд