Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ибтикори Парки технологии донишгоҳ Форуми ҳафтуми Jobify: Woman in Tech баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 500 нафар табодули дониш ва таҷриба намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеи донишгоҳ хабар медиҳад.
Маърузачиёни форум аз шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва Тошканду Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон доир ба соҳаҳои технология, навоварӣ, робототехника сухан гуфта, ба ҳозирин оид ба таҷриба ва муваффақияти корашон маълумот доданд.
Ҳамчунин намояндагони зиёда аз 56 ширкати пешқадам ҷойи кор пешниҳод ва роҳбарону намояндагони муассисаҳои таълимӣ дар бораи имконияташон дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ сухан намуданд.
Мушоҳида шуд, ки Форуми Jobify: Woman in Tech ба иштирокчиён таассурот ва илҳоми тоза бахшид.
Ба иштирокчиёни фаъоли форум Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ ва Парки технологӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки Форуми Jobify Tech Fest- чорабинии доимии Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, ба масъалаҳои мубрами шуғли ҷавонон, рушди имконияти навоварӣ ва технологӣ бахшида шудааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






