Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар факултети механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ таҳти унвони «Нақши химия ва саноати химиявӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат» конференсияи байналмилалӣ баргузор гирдид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар кори конференсия ҳайати меҳмонон бо дастовардҳои илмии омӯзгорони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Конференсия бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020 -2040) ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) гузаронида шуд.
Дар конференсияи байналмилалӣ олимони кишварҳои гуногун дар шаш бахш (таҳқиқоти химиявӣ, технологияи химиявӣ ва металлургия, мошинсозӣ ва технологияи мавод, экология, иқтисодиёт ва фанҳои бунёдӣ (математика, физика)) зиёда аз 100 мақолаи илмиро пешниҳод ва муҳокима намуданд.
Дар конференсия намояндагони 35 донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърузачиён баҳри рушди саноати мамлакат тавсияҳои пурарзиш пешниҳод намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






