Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид

Май 3, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масуният ва бемории сил барои солҳои 2024-2026 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар мулоқот Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ-муовини Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди Бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар  зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа масоили муҳими ин самтро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин доир ба таъсис додани Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Хазинаи глобалӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли камбудиҳои дар раванди амалишавии грантҳои Хазинаи глобалӣ баамалоянда мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид