Дар Душанбе раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ бо Директори минтақавӣ оид ба рушди инсонӣ, Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Михал Рутковский ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуданд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки зиёда аз 20 сол боз Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба обу иқлимро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бо муваффақият пеш мебарад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 5 қатъномаро марбут ба масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо қабул намуд, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 аз ҷумлаи ин санадҳои муҳим мебошанд. Қабули ин қатъномаҳо имкон дод, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, бахусус мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, нестшавии пиряхҳо бештар ҷалб гардида, барои ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешида шаванд.
Умедворем, ки ҳаҷми маблағгузориҳо ба Тоҷикистон барои амалӣ сохтани лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ вобаста ба пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим зиёд карда мешавад.
Изҳор гардид, ки чунин мулоқоту музокирот имкони муҳокима ва дарёфти роҳҳои ҳалли татбиқи лоиҳаҳои авлавиятнокро бо назардошти имконияти фаровони мутақобилаи истифоданашуда муҳайё месозанд.
Бояд гуфт, ки рӯзномаи ҳамкории дуҷониба гуногунҷанба буда, соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, обу энергетика, коҳиши сатҳи камбизоатиро дар бар мегирад.
Дар нишаст ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Парвина Маликзод, Гулбаҳор Ашурзода ва муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Талабшоҳ Шарифзода иштирок намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид






