Дар Форуми STI имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи табиӣ ва аҳолии ҷавон дар остонаи дигаргуниҳои назаррас қарор дорад. Ин нуктаро Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар Форуми 9-уми бисёрҷонибаи тарафҳои манфиатдор оид ба илм, технология ва инноватсия барои Ҳазорсолаи Рушди Устувор (STI), ки дар шаҳри Ню- Йорк баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва технологияро дар ҳалли мушкилоти миллӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, камбизоатӣ, тандурустӣ ва маориф муҳим арзёбӣ менамояд. Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки ин аввалин таҷриба дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар Форуми STI имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар даврони истиқлолият, ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ, фазои мусоид ва лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, инчунин имконияти фаровони тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ маълумоти муфассал манзур намуд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд






