Дар маҷаллаҳои бонуфуз ва серхонандатарини Покистон оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон маводи васеъ нашр гардид
ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷаллаи бонуфуз ва серхонандатарини Покистон «Daily Promotion» ва «The World Ambassador» дар бораи ташаббуси ҷаҳонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ инчунин суханронӣ ва таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон маводи васеъ нашр гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки маҷаллаи «Daily Promotion» бо 5 забони гуногуни Покистон, аз ҷумла забонҳои урду, пашту, панҷобӣ, сириликӣ ва англисӣ дар ҳама шаҳрҳои Покистон ба нашр мерасад. Теъдоди нашри маҷалла қариб 40000 ҳазор нусха дар 1 рӯз буда, дар шабакаи интернетӣ бахши хоси нашриёти электронӣ ва зиёда аз 100 ҳазор аъзои доимӣ дорад.
Қаблан ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон бо забонҳои урду ва англисӣ ба таври васеъ нашр гардида буданд.
Аз ҷумла, дар нашрияҳои маъруфи Покистон бо забонҳои англисӣ ва урду таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об пешсаф аст» мақолаҳо ба нашр расиданд, ки ба ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об бахшида шудаанд.
Дар мақолаҳо 5 ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об таъкид шудааст.
Дар хулосаи мақолаҳо, ки бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод ба нашр расидааст, гуфта шудааст, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, назари навро дар истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон талқин ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор роҳро ҳамвор менамоянд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод










Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






