Дар ноҳияи Восеъ 42 коргоҳу корхона маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд
ВОСЕЪ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ 42 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд, ки қисми зиёдашон мавсимӣ буда, ба истеҳсоли ашёи хоми маҳаллӣ машғул ҳастанд.
Тавре муовини Раиси ноҳияи Восеъ оид ба иқтисодиёт Сабур Султонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар семоҳаи аввали соли 2024 дар ноҳияи Восеъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 24 миллиону 984 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 4,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 121 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сабур Султонзода гуфт, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъсис додани ҷойҳои нави кор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 2 коргоҳи саноатӣ- яке коргоҳи хишти сементӣ бо 7 ҷойи кор ва дигар- коргоҳи истеҳсоли мебел бо 4 ҷойи нави кор ба истифода дода шуд.
Бо ҷалби соҳибкорони Чин дар Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия корхонаи хишти пухта сохта шудааст, ки рӯзҳои наздик ба фаъолият шуруъ менамояд. Дар он 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Гуфта шуд, ки яке аз корхонаҳои фаъоли ноҳия Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хоҷамуъмин» мебошад. Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти хокаи ҷомашӯйӣ ва намаки йодкардашудаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба роҳ монда шудааст. Дар он зиёда аз 15 номгӯй маҳсулоти ҷомашӯӣ истеҳсол мешавад.
Изҳор гардид, ки маҳсулоти истеҳсоли ин корхона дар тамоми нуқтаҳои савдо ва бозору марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ харидор дорад. Корхона дар ин давра ба маблағи беш аз 603 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, дар он зиёда аз 40 сокини маҳаллӣ фаъолият менамоянд.
Дар баробари дигар коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Восеъ дар айни замон даҳҳо коргоҳҳои хурд, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли мебел амал менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид






