Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ бо намояндагони илму маориф ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони илму маориф ба беҳтар намудани сифати таълим, дарёфти самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва татбиқи ислоҳоти соҳавӣ равона шуда, барои рушди илм ва сатҳу сифати илмҳои дақиқ ва муаррифии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо аҳамияти бисёр муҳим дорад. Чунин таъкид шуд зимни баргузории ҳамоише, ки дар ҳошияи баргузориии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки дар мулоқоти Пешвои миллат мушкилоти муосири илм ва таълим баррасӣ гардид. Ба қавли Сарвари давлат, дар заминаи таҳлилҳои мушаххас ва хулосабарориҳои дақиқ муайян гардид, ки имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами сатҳу сифати таълим- ин сарбории зиёдии омӯзгор мебошад, ки ба имконияти самаранок, таҳқиқоти бештари илмӣ ва дарёфти роҳҳои самараноки тарбия дар шароити муосир имконоти зиёд фароҳам намеорад. Аз ҷониби дигар рӯ овардан ба илмҳои дақиқ, рушди зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки рушди устувори мамлакат дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла, дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ тақвият ёфта, заминаи устувори ҷумҳурӣ баҳри беҳтар гаштани мақоми он дар саҳнаи ҷаҳонӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 30 май зимни мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маориф натиҷаҳои кори олимон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ шуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






