Дар Озарбойҷон Рӯзҳои синамои Тоҷикистон доир гардид

Май 24, 2024 19:00

 ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 май Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон баргузор гардиданд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Ифтитоҳи расмии ин чорабинии фарҳангӣ дар Маркази синамои Низомии шаҳри Боку  доир шуд. Дар он таъкид гардид, ки бо таҳияи нақшаи ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, таҳияи филмҳои муштарак ва намоиши филмҳо мубодила байни  синамогарони  Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар оянда боз ҳам густариши бештар пайдо менамояд. Гуфта шуд, ки ҳамкории дуҷониба байни синамогарони  Тоҷикистон ва Озарбойҷон пайванди таърихӣ дорад.

Дар Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷонбеҳтарин филмҳо, ки дар солҳои гуногун истеҳсол шуда буданд, пешниҳод шуданд.

Аз ҷумла, филмҳои машҳури  «Рустам ва Суҳроб», «Дов», «Оинаи беҷило» ва филми мустанади «Шинохти Саразм» намоиш дода шуданд.

Дар маҷмуъ, дар Рӯзҳои синамои Тоҷикистон толорҳои Озарбойҷон макони муаррифии арзишҳои миллӣ, қиссаву рӯзгори мардуми тоҷик ба доираи васеи тамошобинон гардида буданд, ки ин дар таърихи муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Озарбойҷон саҳифаи нав боз ва нақшаҳоро барои ҳамкории минбаъда мушаххас намуд.

 

Май 24, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд