Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд

Май 3, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2024  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд. Дар ин хусус дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ гузориш дода шуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода.

Дар маҷлис ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 шунида шуда, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда, омӯзиш ва тасдиқи нақшаи фаъолият вобаста ба тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз моҳи марти соли 2024, ҷараёни амалисозии нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба таҷлили 30 – солагии таъсиси ҲХДТ, дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби шахсони фаъол 683 шаҳрванд ба сафи аъзои ҳизб пайвастанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шаш ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТАУЗ Гидро”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Евро Дез”, Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Муассисаи таълимии “Гимназияи хусусӣ”-и ба номи Марям Зиёева ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис”  таъсис дода шуданд.

Дар идомаи маҷлис гузориш оид ба ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шунида шуд.

Иброз гардид, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавсими баҳорӣ бо ҷалби Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсӣ, кумитаву ташкилоти ҳизбӣ  аксияи ниҳолшинӣ доир намуд, ки дар маҷмуъ 5385 бех ниҳоли ороишӣ ва ҳамешасабз, 16 624 бех гулҳои садбарг ва мавсимӣ дар дохили ташкилоту муассисаҳо ва дохили майдончаҳои варзишии ноҳияи Фирдавсӣ шинонида шуданд.

Дар интиҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Май 3, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид