Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар маҳаллаи «Ғалаба» мулоқот доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Дар мулоқот оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ибрози назар карда шуд. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон оид ба саҳми сокинон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар масоили муҳим андешаронӣ намуданд.
Намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба раванди таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, баргузории ярмаркаҳои ҷойи кор, таъмини шуғли пурмасъул, эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ вобаста ба саҳмгузорӣ дар рушди босуботи мамлакат сухан гуфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






