Дар Тоҷикистон ҷаласаи 42-юми Ситоди тафтишоти муштарак оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ доир мешавад

Май 29, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 42-юми Ситоди тафтишоти муштарак оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва ҷаласаи 56-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар доираи ҷаласаи ситод инчунин ҷаласаи 25-уми Шурои ҳамоҳангсоз доир ба рекламаи назди Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ баргузор мегардад.

Дар ҷаласаҳо масъалаҳо оид ба чорабиниҳои асосӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, фаъолияти Ситоди тафтишоти муштарак оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ, тасдиқи гузориш «Оид ба фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бозорҳои алоҳидаи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар шароити ҳозира, ҳамкории Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва Иттиҳодияи минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва дигар масъалаҳо баррасӣ мешаванд.

Дар кори ҷаласаҳо намояндагони мақомоти зиддиинҳисории ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Иттифоқи коргузорони зиддиинҳисории АвруОсиё ва Ассотсиатсияи «Маркази тиҷорати рушди иқтисоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» иштирок менамоянд.

Дар ин рӯзҳо вохӯрии якуми роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад, ки дар кори он  муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Соҳайл Хон, роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Намояндаи Ҷумҳурии Беларус ҳамчун мушоҳидачӣ иштирок мекунад.

Иштирокчиён доир ба  ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва сохтори ташкилии ҳайати коллегиалии роҳбарони идораҳои зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор менамоянд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд