Дар вилояти Хатлон корхонаҳои саноатии коркарди пӯсту пашм бунёд мешаванд

Май 28, 2024 08:53

ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти масъулияти маҳдуди Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии «Фусин Синйида»-и Ҷумҳурии Мардуми Чин дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои саноатии коркарди пӯсту пашм ва гармхонаҳо бунёд менамояд. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Соли 2023 дар вилояти Хатлон  1 140 333 дона пӯсти чорвои калон ва майдаи шохдор ва 5970 тонна пашм истеҳсол гардид, ки аз он ҳамагӣ 4250 дона пӯст (0,4%) ва 70 тонна пашм (1,2%) коркард шудаасту халос.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо роҳбари Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии «Фусин Синйида» Гао Джонг Тао иброз намуд, ки дар сурати аз ҷониби ин ҷамъият бунёд шудани корхонаҳои саноатӣ метавон ба онҳо маҳсулоти хом пешниҳод намуд.

Гао Джонг Тао ба Давлаталӣ Саид иттилоъ дод, ки аввали моҳи июн таҷҳизоти навтарин ба вилоят ворид шуда, сохтмони корхона ва гармхонаҳо шуруъ мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 28, 2024 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд