Давоми шабонарӯзи охир бар асари бориши шадид дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сел ба амал омад

Май 18, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар якчанд минтақаи ҷумҳурӣ омадани сел сабт шудааст. Аз ҷумла, 15 май дар деҳоти Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бар асари бориши зиёд аз теппаҳо сел омада, ба мавзеи байни аҳолинишин, 12 иншооти ёрирасон, сарбандҳои муҳофизатӣ ва роҳҳои маҳаллӣ зарар расонидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Инчунин таҳхонаҳои чор бинои истиқоматии сокинони маҳаллӣ лой пур шуда, аҳолии зарардида муваққатан ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Бар асари омадани сел шоҳроҳи Ромит-Варваро регу шағал ва сангҳои калон фаро гирифта, ҳаракати нақлиёт ва одамон муваққатан қатъ шудааст.

Барои анҷом додани корҳои тоза кардани роҳи байни деҳаҳои Варва ва Ромит ва таҳкими соҳили дарё аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Ваҳдат 1 техникаи муҳандисӣ ҷудо карда шуд.

Дар натиҷаи корҳо роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор гардид. Барои аз сангу шағал тоза кардани сатҳи дарё ва соҳили дарёи Чордара корҳо идома доранд.

Илова бар ин, дар натиҷаи бориши шадиди шаби 17 май дар километри 9-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш, ки аз ҳудуди деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат мегузарад, қисман фурӯрезӣ сабт шуд.

Дар айни замон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ин минтақа ҳаракати нақлиёт якҷониба таъмин карда шудааст. Ҳамчунин сел 200 метр соҳили дарёи Шуракро шуста, пули деҳаи Шури Поёни Ҷамоати деҳоти ба номи Қ.Исмоиловро вайрон кардааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои бартараф ва барқарорсозии минтақаҳои зарардида тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Минтақаҳои зарардида таҳти назорати доимии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр қарор доранд. Бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

18 майи соли 2024, соати 00:10 дар деҳаи Кӯфоби Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари бориши шадид сел ба амал омада, роҳи мошингарди Шоҳин-Дарвозро баст. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 18, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд