Директори АМИТ «Ховар» дар ҷаласаи Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар шаҳри Боку иштирок намуд

Май 3, 2024 13:56

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи ХХХI Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар кори он директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок намуд.

Дар ҷаласа, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба инъикоси тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои энергияи сабз, чорабиниҳои  асосии ИДМ дар соли 2024 ва макони баргузории ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин иштирокдорони ҷаласа оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории агентиҳои иттилоотии давлатӣ дар доираи  Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ табодули назар намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2024 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна